Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар семоҳаи сеюми соли равон Тоҷикистон барои воридоти 1 ҳазор метри мукааби газ ба Ӯзбекистон 284,33 доллари ИМА пардохт хоҳад кард, ки нисбат ба семоҳаи дуюми соли равон 35,14 доллари ИМА бештар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд, арзиши газ ба нархҳои ҷаҳонӣ вобаста аст, ки он тамоили болоравӣ дорад. «Дар зарфи 6 моҳи соли равон 88 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид карда шуд, ки мувофиқи нақша аст», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, феълан корхона аз Ӯзбекистон қарздор набуда, тариқи пешпардохт газро ворид месозад, ки асосан барои эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатии «Тоҷиксемент», «ТАЛКО» ва ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши газ истифода мегардад.
Дар робита ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ дар «Тоҷиктрансгаз» гуфтанд, аҳолии шаҳри Истаравшан рӯзҳои наздик бо газ таъмин карда хоҳанд шуд, зеро онҳо маблағи истифодаи онро пешпардохт кардаанд. «Дар шаҳри Душанбе баъзе микрорайонҳо бо газ таъминанд ва бо ҳаллу фасли масъалаи пешпардохти пурраи маблағи истифодаи газ шояд барои тамоми аҳолӣ газ дастрас гардад», – гуфтанд дар корхона.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Тоҷикистон воридоти 180 млн. метри мукааб газ аз Ӯзбекистонро ба нақша гирифтааст.