Мулоқоти сегонаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон

Date:


Дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон –  Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарони давлатҳои дўсту ҳамсоя доир ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се  кишвар ва ҳамгироии муштарак ба зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ табодули назар намуданд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки минтақавию байналмилалии се кишвар сурат гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related