Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Вазири нақлиёти Покистон Арбоб Оламгир Хон бо сафари серӯзаи корӣ рӯзи 7-уми августи соли равон ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзи 9-ум август вазири нақлиёти Покистонро нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ба ҳузур хоҳад пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили роҳандозии хатсайри ҳавоии мунтазам миёни Душанбеву Исломобод, сохтмони роҳи оҳан ва автомобилгард тавассути қаламрави Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар барномаи сафари вазири нақлиёти Покистон ҳамчунин вохӯриву гуфтушунидҳо бо як зумра аъзои ҳукумат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар назар аст.