Мураббиён ва волидайни кӯдакистони рақами 143-и шаҳри Душанбе барои иваз намудани ҳайати шахсии кӯдакистон дар назди муассиса як намоиши эътиозӣ барпо намуданд.
Кормандон ва волидайни кӯдакон мегӯянд, молики бино – Кароматулло Абдиев, раиси шӯрои мудирони ҶДММ «Кӯҳандиз», ки кӯдакистон дар тавозуни ин корхона аст, фармон додааст, ки ҳайати шахсии феълии кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда шуда, ба ҷойи онҳо шахсони нав таъин гарданд.
Зимни сӯҳбат бо мураббиёну ҳайати шахсии кӯдакистон К. Абдиев изҳор кард, ки танҳо мудири кӯдакистон Зулайхо Хоҷаеваро барои саркашӣ аз тобеъият сабукдӯш кардааст.
Дар навбати худ, раиси корхонаи «Кӯҳандиз» Мирзомиддин Шамсов гуфт, танҳо мудири кӯдакистон Зулайхо Хоҷаева ва мураббӣ Мавлуда Ҳамидоваро аз кор озод кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳайати шахсӣ ва падару модарони кӯдакон мегӯянд, тайи 4 соли ахир корхона ба кӯдакистон умуман маблағгузорӣ накардааст, вале «имрӯз шахсони худро ба вазифа таъин карда , соҳиби тамоми амвол шуданианд».
Ғайр аз ин, падару модарони кӯдаконе, ки дар ин ҷо тарбия мегиранд, иваз шудани ҳайати шахсии кунуниро қабул надоранд ва изҳор медоранд, ки «агар ҳатто яке аз мураббиён аз кор озод карда шавад, мо фарзандони худро дигар ба ин кӯдакистон нахоҳем овард».
Мудири кӯдакистони мазкур ва намояндагони ҶДММ «Кӯҳандиз» тасмим гирифтанд, ки ин масъаларо дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино ҳаллу фасл хоҳанд кард, вале З.Хоҷаева мегӯяд, агар ин муяссар нагардад, ӯ бинобар поймолкунии ҳуқуқ ва амалҳои ғайриқонунӣ аз болои мақомоти раҳбарии корхона ба раиси шаҳр М. Убайдуллоев шикоят хоҳад бурд.