Баёноти журналистон дар мурофиаи додгоҳии хабарнигори Би-Би-Сӣ

Журналистоне, ки аввалин шуда пас аз ҳабси хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов бо ӯ ҳамсуҳбат шуданд, дар мурофиаи додгоҳӣ баёнот доданд. Ба суоли адвокати журналист Файзинисо Воҳидова бобати дар дар қисмхои кушоди журналист мушоҳида намудани пайи озору шиканҷа Илҳоми Ҷамолиён (раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд) ва Ленура Мустафоева (хабарнигори Press.tj) посух доданд, […]

Мавлуда Рафиева


Журналистоне, ки аввалин шуда пас аз ҳабси хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов бо ӯ ҳамсуҳбат шуданд, дар мурофиаи додгоҳӣ баёнот доданд.

Ба суоли адвокати журналист Файзинисо Воҳидова бобати дар дар қисмхои кушоди журналист мушоҳида намудани пайи озору шиканҷа Илҳоми Ҷамолиён (раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд) ва Ленура Мустафоева (хабарнигори Press.tj) посух доданд, ки ҳеҷ изу пайи шиканҷаро мушоҳида накардаанд.

Аммо И. Ҷамолиён тасдиқ кард, ки дар болои абрӯи Усмонов доғеро дидааст. «Ман фикр кардам, ки ин доғҳо аломати пирианд, – гуфт ӯ. – Ман ҳатто аз Усмонов пурсидам, ки оё ӯро шиканҷа намедиҳанд? Дар ҳузури се нафар кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ӯ посухи рад дод. Аммо ин доғро ман имрӯз дар рӯйи журналист намебинам».

Дар идома адвокатҳо Ф. Воҳидова ва Абдуқайюм Юсуфов хабарнигори Pressa.tj Ленура Мустафоеваро бозпурсӣ карданд. Зикр гардид, ки дар мақолаи худ ӯ моддаҳои 7, 8 ва 16-и Кодекси ахлоқи журналистони Тоҷикистонро риоя накардааст.

Дар мурофиа Ӯрунбой Усмонов изҳор кард, ки тамоми навиштаҳои Мустафоева «дурӯғи маҳз» аст.

Ҳимоягари журналист қайд кард, ки дарҳол пас аз нашри мақолаи Мустафоева ӯ аз додгоҳ дархост кардааст, ки нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 144 (Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти хусусӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

«Додситони вилоят ин дархостро ҷиҳати барррасӣ ҳамроҳ бо парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳи вилоятӣ ирсол кард. Бинобар он, ӯ имрӯз дар мурофиа ба сифати шоҳид бозпурсӣ карда шуд ва додгоҳ метавонад нисбати ӯ низ ҳукм содир намояд», – афзуд Ф. Воҳидова.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Пас аз як моҳ хабарнигор бо шарти тарк накардани қламрави маҳалли зист озод карда шуд. Би-Би-Сӣ бар ин назар аст, ки айбҳои нисбати Ӯрунбой Усмонов пешниҳодшуда бепоя буда, ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.