Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар он аз ҷумла омадааст: «Ҷалолатмаоб,  Бо андўҳи азим ва даҳшату ғазаб хабари марги фоҷиабори собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон устод Бурҳониддини Раббониро дарёфт намудам.  Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин […]

Asia-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

 Бо андўҳи азим ва даҳшату ғазаб хабари марги фоҷиабори собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон устод Бурҳониддини Раббониро дарёфт намудам.

 Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷўи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост, чун охирин маснаде, ки марҳум дошт, вазифаи Раиси Шўрои Олии Сулҳ дар кишвар буд.

 Душманони ободиву осоиши Афғонистон устод Раббониро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале ёди поки ў дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд ва муборизони асилро барои кору пайкор ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва шукуфоии Афғонистон солҳои мадид рўҳбаланд хоҳад кард.

 Хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти самимии инҷониб ва мардуми  Тоҷикистонро бо ин талафоти ҷуброннопазири мардуми Афғонистон бипазиред ва ба ёру наздикони марҳум бирасонед». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.