Ворид шудан ба боғи нави фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе, ки дар он ҳамарӯза шомгоҳон ба ифтихори таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона ва шоу-барномаҳо баргузор мешаванд, ройгон аст.
Чорабиниҳои мазкур дар боғ рӯзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-уми сентябр доир хоҳанд гашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, рӯзҳои минбаъда низ ворид шудан ба боғ бидуни пардохти маблағ хоҳад буд.
Ӯ зикр намуд, ки меҳмонон ва тамошогарони боғ танҳо барои истифода аз аттраксионҳо як маблағи муайяне пардохт хоҳанд кард, ки тарофаҳои он аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз ҳамаи тамошобинони шоу-барномаҳо даъват мекунад, ки ба қоидаҳои одобу рафтори муносиб дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр риоя намоянд.