Нобудсозии беш аз 20 тонна меваи тропики пастсифат дар Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта кормандони гумрук дар яке аз канораҳои шаҳри Душанбе 21,5 тонна меваи тропикии кивии вайроншударо нобуд карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин миқдор меваи тропикӣ аз ҷониби як соҳибкори эронӣ ба Тоҷикистон ворид гардида, мавриди ташхис қарор гирифтааст. Ташхис дар лабораторияи «Тоҷикстандарт» муайян кардааст, ки […]

Наргис Ҳамробоева


Ахири ҳафтаи гузашта кормандони гумрук дар яке аз канораҳои шаҳри Душанбе 21,5 тонна меваи тропикии кивии вайроншударо нобуд карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин миқдор меваи тропикӣ аз ҷониби як соҳибкори эронӣ ба Тоҷикистон ворид гардида, мавриди ташхис қарор гирифтааст.

Ташхис дар лабораторияи «Тоҷикстандарт» муайян кардааст, ки он ба талаботҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нест.

«Ҳамчунин маълум гардид, ки ронандаи автомашина ба қоидаҳои нигоҳдории маҳсулот дар бордони автомашинаи боркаш риоя накарда, бинобар он меваи троикӣ то ба ин ҳолат расидааст», – гуфтанд дар хадамот гумрук.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ» ва моддаи 243-и Кодекси гумруки Тоҷикитон ин миқдор меваи мусодирашуда барои истеъмол корношоям шуморида шуда, дар яке аз канораҳои шаҳри Душанбе дар ҳузури мақомоти дахлдор нобуд карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳамасола ба Тоҷикистон миқдори зиёди меваҳои тропикӣ ворид мегарданд. Меваҳои тропикӣ аз қабили, киви, банан, апелсин, мандарин ва ананас асосан аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон ва Эквадор оварда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.