Намояндаи САҲА озодии журналисти тоҷикро тақозо дорад

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили ВАО Дуня Миятович талаби айбдоркунандаи давлатӣ дар хусуси ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум кардани журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоиловро маҳкум менамояд. Дар изҳороти имрӯз интишоркардаи худ Миятович аз ҳукуматдорон даъват ба амал овардааст, ки фавран журналисти ҳафтавори Нури зиндаӣ»-ро озод созанд. Дар ин бора ба ОИ […]

Наргис Ҳамробоева


Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили ВАО Дуня Миятович талаби айбдоркунандаи давлатӣ дар хусуси ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум кардани журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоиловро маҳкум менамояд. Дар изҳороти имрӯз интишоркардаи худ Миятович аз ҳукуматдорон даъват ба амал овардааст, ки фавран журналисти ҳафтавори Нури зиндаӣ»-ро озод созанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Душанбе хабар доданд.

«Аз ҳукуматдорон даъват мекунам, ки тамоми айбҳои Исмоилов бекор карда шаванд, зеро он ба фаъолияти рӯзноманигориаш марбут аст», – изҳор кардааст Миятович.

Маҳмадюсуф Исмоилов шурӯъ аз 23-юми ноябри соли 2010 дар боздоштгоҳ қарор дошта, тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад. Ба таъкиди ҷониби айбдоркунанда, содир гардидани аксари аломатҳои ин ҷиноёт дар мақолаи моҳи августи соли 2010 нашршудаи ӯ ба мушоҳида мерасанд.

«Агар нисбати журналистоне, ки хизматчиёни давлатиро танқид мекунанд, минбаъд ҳам таъқиботи ҷиноӣ, боздошти дарозмӯҳлати пешакӣ истифода шаваду ҳукми вазнин содир гардад, Тоҷикистон имконоти муколамаи ҷамъиятӣ оид ба масоили доғи рӯзро ба таври назаррас маҳдуд месозад. Ҳукми айбдорӣ нисбат ба Исмоилов журналистонро аз фаъолияти пурсамар боздошта, муддати якчанд моҳ дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ аллакай барои журналистони тоҷик таҳдиди ҷиддӣ аст», – мӯътақид аст Миятович.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки қазияи Исмоиловро ҷиддан пайгирӣ дорад ва дар ин хусус се маротиба ба ҳукуматдорони Тоҷикистон муроҷиат намудааст. «Мутаассифона, то ҳанӯз ман аз ҳукумат посухи расмӣ нагирифтаам», – афзудааст Миятович.

«Ман беқаророна сафари худ ба Тоҷикистонро интизорӣ дорам, то ки бо намояндагони ҳукумат қазияи Исмоилов ва дигар масоили боиси нигаронии Дафтари САҲА, аз ҷумла мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сиро низ баррасӣ кунам», – омадааст дар изҳороти Миятович. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.