Сӯхтор дар корхонаи коркарди нахи пахтаи Тӯраҷонзода

Дар натиҷаи сар задани сӯхтор дар корхонаи коркарди нахи пахтаи мутааллиқ ба  сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маҳсулоти зиёди тайёр нобуд карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Тӯраҷонзода хабар дод, сӯхтор дар анбори маҳсулоти тайёри ҶСК «Пахта» тахминан соатҳои сеи шаб сар зада, он танҳо соати ҳафти субҳ хомӯш карда шудааст. […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар натиҷаи сар задани сӯхтор дар корхонаи коркарди нахи пахтаи мутааллиқ ба  сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маҳсулоти зиёди тайёр нобуд карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Тӯраҷонзода хабар дод, сӯхтор дар анбори маҳсулоти тайёри ҶСК «Пахта» тахминан соатҳои сеи шаб сар зада, он танҳо соати ҳафти субҳ хомӯш карда шудааст.

Ба андешаи молики корхона, сӯхтор аз барқасдона оташ задан ба амал омадааст. «Ба кипҳои пахта бензин пошидаанд. «Мо далели шайъӣ – сарпӯши шишаи пластикиро дарёфт кардем, ки аз он бӯйи бензин меомад», – гуфт Тӯраҷонзода.

Номбурда афзуд, бар асари сӯхтор ҳудуди 500 адад кипи нахи пахта нобуд шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.