Бар асари сӯхтор бозори марказии Хоруғ қариб пурра нобуд гардид

Бар асари сӯхтор бозори марказии маркази маъмурии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қариб пурра нобуд гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, сӯхтор шаби 22-юми октябр дар қаламрави бозори марказии шаҳри Хоруғ сар задааст. «Оташ 1 ҳазору 300 метри мураббаъи қаламрави бозорро фаро гирифта, чаҳор ошхона, 18 нуқтаи […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари сӯхтор бозори марказии маркази маъмурии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қариб пурра нобуд гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, сӯхтор шаби 22-юми октябр дар қаламрави бозори марказии шаҳри Хоруғ сар задааст. «Оташ 1 ҳазору 300 метри мураббаъи қаламрави бозорро фаро гирифта, чаҳор ошхона, 18 нуқтаи савдо ва як маркази тиҷоратӣ пурра нобуд шудаанд», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, хисороти моддӣ аз сӯхтор 800 ҳазор сомонӣ (беш аз 168 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст. Ӯ соли 1932 таваллуд шудаву дар синни 64, 6-уми майи соли 1996, дар рӯзи...

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.