Кӯлоб. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар натиҷаи чорабинии гузаронидаи шӯъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нархи равуо дар нақлиёти «тангем» ду баробар арзон карда шуд.
Тавре сардори шӯъба Эмомалӣ Булбулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо назардошти арзу шикояти аҳолӣ дар бораи ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши равуо дар нақлиёти мусофирбар бо ронандагони ин намуди нақлиёт вохӯриву сӯҳбатҳо доир гардид. «Акнун арзиши равуо дар нақлиёти дохили шаҳр – 50 дирам ва беруназшаҳрӣ – 60 дирам муқаррар гардид», – гуфт ӯ.


