Сафари панҷрӯзаи як ҳайати вакилони Бундестаги Олмон ба Тоҷикистон

Date:


Як ҳайати вакилони Бундестаги Олмон таҳти сарварии раиси Кумита оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кумаки башардӯстона Ангелика Граф бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар пойтахти Тоҷикистон вакилони парлумони Олмон нахуст бо раисони кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов, Марҳабо Ҷабборова, Олим Салимзода ва Азизмат Имомов гуфтушунид мекунанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти МН МО ҶТ, дар ҷараёни мулоқоту гуфтушунидҳо вакилони парлумони кишварҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва вазъи минтақаи Осиёи Марказиву Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, вакилони парлумони Олмон ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ низ дидору гуфтушунид хоҳанд кард.

Бундестаг мақомоти олии намояндагии Ҷумҳурии Федералии Олмон буда, ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад. Айни замон шумори вакилон дар Бундестаг 622 нафарро ташкил медиҳад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related