Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» -Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷонибдоронаш даъват ба амал овард, ки дар муқобили равияҳои динии ғайриқонунӣ чун «Ҳизб-ут таҳрир», «Байъат», «Аҳмадия» ва «Салафия» фаъол бошанд.
Тавре дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода хабар дод, ин даъват дар ҷаласаи чанде қабл доиргаштаи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон изҳор гардид.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран тамоили фаъолшавии аксари ин равияҳои тундгаро дар Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст. «Дар қатори аъзои ҳизб мо аз аҳли ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар мубориза алайҳи равияҳои мазҳабии тундгаро фаъолтар бошанд, зеро фаъолияти онҳоро мо чун таҳдид ба амнияти давлату миллат арзёбӣ менамоем», – изҳор дошт Д.Давлатзода.
Дар ҳамин ҳол, Д.Давлатзода саҳми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчуни шарики ҲХДТ дар ин самт қайд кард.




