Соли 2007 аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи камбизоатӣ қарор дошт

               Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2007 дар Тоҷикистон мизони қашшоқӣ 17 дарсадро ташкил дода, 53 дарсади аҳолӣ дар сатҳи камбизоатӣ қарор дошт.             Тавре ҳамоҳангсози Бонки Рушди Осиё Усмон Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, чунин рақамҳо дар ҳисоботи пешниҳодшуда ба ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба татбиқи Стратегияи коҳиши […]

Пайрав Чоршанбиев



            




 

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2007 дар Тоҷикистон мизони қашшоқӣ 17 дарсадро ташкил дода, 53 дарсади аҳолӣ дар сатҳи камбизоатӣ қарор дошт.





           

Тавре ҳамоҳангсози Бонки Рушди Осиё Усмон Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, чунин рақамҳо дар ҳисоботи пешниҳодшуда ба ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба татбиқи Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар соли 2007 дарҷ ёфта, албатта, бо назардошти афзоиши мизони таваррум дар соли ҷорӣ он инъикоскунандаи вазъи имрӯза нест.




           

Ба қавли номбурда, қашшоқӣ маънои сатҳи поинтар аз камбизоатиро дар назар дошта, даромади якрӯзаи шахс аз 1 доллари амрикоӣ камтар аст. «Сатҳи камбизоатӣ бошад, таъмини ҳадди аққал бо сабади истеъмолӣ ва баъзе маҳсулоти саноатиро дар назар дорад», – гуфт ӯ.




           

У.Раҳимов афзуд, ки суръати баланди афзоиши мизони таваррум дар ҷумҳурӣ бешак боиси рӯ ба афзоиш ниҳодани ин нишондиҳандаҳо дар соли ҷорӣ гаштаанд.




           

Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти Кумитаи омори кишвар, дар зарфи 11 моҳи соли равон мизони таваррум дар ҷумҳурӣ 12,65 дарсадро ташкил дода, суръати миёнаи таваррум дар бахши истеъмолӣ ба 1,15 дарсад баробар шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.