Соли оянда дар Тоҷикистон Шӯрои миллии рушд таъсис дода мешавад

            Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳисобот оид ба татбиқи Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар соли 2007 омода гардида, ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.             Дар шарҳи масъалаи мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан корҳои омодасозии чунин ҳисобот дар соди […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳисобот оид ба татбиқи Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар соли 2007 омода гардида, ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.





           

Дар шарҳи масъалаи мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан корҳои омодасозии чунин ҳисобот дар соди 2008 идома дошта, авали соли 2009 таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои таҳияи стратегия коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2012 ба нақша гирифта шудааст.




           

Ба қавли номбурда, корҳо дар ин самт дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ якранг нестанд. Ӯ мегӯяд, ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси сохтори ҷудогона оид ба мониторинги сатҳи коҳиши камбизоатӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор қабул кардааст, вале феълан на дар ҳама вазорату идораҳо чунин сохтор вуҷуд дорад. «Чунин сохтор миёни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танҳо дар ВМКБ вуҷуд дорад», – гуфт ӯ.



А.Раҳмонов инчунин зикр кард, ки дар оғози соли оянда мувофиқи фармони сарвари давлат Шӯрои миллии рушд таъсис меёбад, ки дар татбиқи стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.



Ҳукумати Тоҷикистон Ҳуҷҷати Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатиро соли 2006 қабул кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.