САҲА ба аҳолии «русзабон»-и шаҳри Кӯлоб бо маводи ғизоӣ кӯмак кард

            Кӯлоб. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари саҳроии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар шаҳри Кӯлоб ба гурӯҳи аҳолии ба ном «русзабон»-и танҳомонда ва куҳансоли шаҳр бо маводи ғизоӣ кӯмак кард.             Тавре корманди дафтар Мавҷуда Ғафурова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз кӯмаки мазкур, ки аз орду равған ва шакар иборат буд, дар маҷмӯъ […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари саҳроии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар шаҳри Кӯлоб ба гурӯҳи аҳолии ба ном «русзабон»-и танҳомонда ва куҳансоли шаҳр бо маводи ғизоӣ кӯмак кард.





           

Тавре корманди дафтар Мавҷуда Ғафурова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз кӯмаки мазкур, ки аз орду равған ва шакар иборат буд, дар маҷмӯъ 409 нафар бархӯрдор шуданд.



Ба қавли ӯ, кӯмак мувофиқи руйхат тақсим карда шудааст. «Агар бо сабабе кӯмаки моддӣ расонида натавонем, ҳам, мо омодаем ҳамеша шахсони пиру барҷомондаро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ намоем», – гуфт ӯ.



М.Ғафурова зикр кард, ки онҳо бо пирону барҷомондагон сӯҳбат оростаанд. «Шахсони куҳансол аз сӯҳбатҳо хеле хушнуду сарфароз гаштанд», – изҳор дошт ӯ ва афзуд, ки кӯмак аз тарафи Маркази САҲА дар Душанбе ҷудо гардидааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.