ҲХДТ аҳли ҷомеаро даъват мекунад, ки дар муқобили равияҳои ғайриқонунии «Ҳизб-ут таҳрир», «Байъат», «Аҳмадия» ва «Салафия» фаъол бошанд

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» -Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷонибдоронаш даъват ба амал овард, ки дар муқобили равияҳои динии ғайриқонунӣ чун «Ҳизб-ут таҳрир», «Байъат», «Аҳмадия» ва «Салафия» фаъол бошанд. Тавре дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода хабар дод, ин даъват дар ҷаласаи чанде қабл доиргаштаи Раёсати Кумитаи иҷроияи […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» -Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷонибдоронаш даъват ба амал овард, ки дар муқобили равияҳои динии ғайриқонунӣ чун «Ҳизб-ут таҳрир», «Байъат», «Аҳмадия» ва «Салафия» фаъол бошанд.




Тавре дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода хабар дод, ин даъват дар ҷаласаи чанде қабл доиргаштаи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон изҳор гардид.



Ба гуфтаи ӯ, ахиран тамоили фаъолшавии аксари ин равияҳои тундгаро дар Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст. «Дар қатори аъзои ҳизб мо аз аҳли ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар мубориза алайҳи равияҳои мазҳабии тундгаро фаъолтар бошанд, зеро фаъолияти онҳоро мо чун таҳдид ба амнияти давлату миллат арзёбӣ менамоем», – изҳор дошт Д.Давлатзода.



Дар ҳамин ҳол, Д.Давлатзода саҳми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчуни шарики ҲХДТ дар ин самт қайд кард.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.