Дар Бонн ояндаи Афғонистон баррасӣ мешавад

Дар остонаи Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни рӯзномаи Конфронси дарпешистодаи байналмилалӣ оид ба Афғонистон табодули назар карда, масъалаҳои амалии […]

ASIA-Plus


Дар остонаи Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни рӯзномаи Конфронси дарпешистодаи байналмилалӣ оид ба Афғонистон табодули назар карда, масъалаҳои амалии ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин робита, муҳимияти махсуси таҳия ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, ки ба эҳёи иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон ва тақвияти равандҳои ҳамгироӣ мусоидат менамоянд, қайд карда шуд.

 Ҳ. Зарифӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро дар минбаъд ҳам расонидани кӯмаки васеъ ва ҳамаҷониба ба Ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар ҳалли мушкилоти муҳимтарини иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар таъкид сохт.

 Вазирони корҳои хориҷии ҳарду давлат инчунин масъалаҳои омодасозӣ ва гузаронидани Конфронси RECCA – V-ро дар сатҳи баланд моҳи марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.

Дар чаҳорчӯби иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар ш.Бонни Олмон мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ низ баргузор гардид.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва инфрасохторӣ баррасӣ намуданд.

 Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва идомаи ҳамкориҳои фаъоли тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бо ҷалби шарикони минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ бо мақсади ҳарчи зудтар пиёда сохтани лоиҳаҳои умумиминтақавӣ муҳокима карданд.

 Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи андеша доир гардид.

Конфронс оид ба Афғонистон таҳти раёсати президенти Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор мешавад. Дар кори конфронс намояндагони 88 кишвар ва 17 созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла ҳудуди 60 нафар вазирони корҳои хориҷии давлатҳо иштирок мекунанд.

Бори нахуст дар форуми чунин сатҳ оид ба Афғонистон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ширкат меварзад. Ҳукумати Покистон ба нишони эътироз нисбат ба ҳамлаи ҳавоии чархболи НАТО, ки бар асари он беш аз бист нафар низомиёни покистонӣ ба ҳалокат расиданд, аз иштирок дар кори конфронси мазкур даст кашид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.