ҲСДТ ба ҲУСДТ тағйири ном кард

Дар анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки рӯзи 4-уми декабр доир гардид, Раҳматилло Зойиров дар асоси алтернативӣ боз раиси ҳизб интихоб шуд. Ҳамчунин дар анҷуман оид ба Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) тағийри ном кардани ҳизб қарор қабул шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲУСДТ хабар доданд, ба вазифаи раиси ҳизб ба ҷуз номзадии […]


Дар анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки рӯзи 4-уми декабр доир гардид, Раҳматилло Зойиров дар асоси алтернативӣ боз раиси ҳизб интихоб шуд. Ҳамчунин дар анҷуман оид ба Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) тағийри ном кардани ҳизб қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲУСДТ хабар доданд, ба вазифаи раиси ҳизб ба ҷуз номзадии Р.Зойиров, ҳамчунин номзадии сиёсатшинос Амният Абдулназаров, журналист Дилбар Самадова ва адвокат Шӯҳрат Қудратов низ пешбарӣ шуда буданд.

«То овоздиҳӣ А.Абдулназзаров ва Д.Самадова номзадии худро бозпас гирифтанд ва дар ҷараёни овоздиҳии пинҳонӣ Р.Зойиров нисбат ба Ш.Қудратов зиёдтар раъй ба даст овард», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, А.Абдулназаров, Д.Самадова ва Ш.Қудратов ҳамраисони ҳизб интихоб шудаанд.

Дар анҷуман аз ҳисоботи Шӯрои сиёсии ҳизб барои солҳои 2007-2011 ва ҳисобот комиссияи тафтишотӣ натиҷагирӣ шуда, Оинномаи ҳизб дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул шуд. Вакилон ҳамчунин вазифаҳои навбатӣ ва барномаи фаъолияти ҳизб барои солҳои 2011-2015-ро низ муайян карданд.

ҲУСДТ 18 марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Дар сафҳои худ 7 ҳазору 700 шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад. ҲУСДТ ҳизби мухолифи ҳукумат аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.