СММ: Муҳоҷирон ҳудуди 3%-и аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд

Дар иҷлосияи Шӯрои Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар шаҳри Женева раиси Маҷмаъи кулли СММ Носир Абдул Азиз ан-Носир изҳор кард, ки айни замон ҳудуди 3%-и аҳолии сайёра берун аз кишвари мавлудаш кору иқомат дорад. Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, раиси Маҷмаъи кулли СММ гуфтааст, ки имрӯз муҳоҷират яке аз масъалаҳои глобалии асри XXI ба шумор […]


Дар иҷлосияи Шӯрои Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар шаҳри Женева раиси Маҷмаъи кулли СММ Носир Абдул Азиз ан-Носир изҳор кард, ки айни замон ҳудуди 3%-и аҳолии сайёра берун аз кишвари мавлудаш кору иқомат дорад.

Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, раиси Маҷмаъи кулли СММ гуфтааст, ки имрӯз муҳоҷират яке аз масъалаҳои глобалии асри XXI ба шумор меравад.

«Ба ин шумор қариб 740 млн. нафар муҳоҷирони кориву ҳудуди 5 млн. афродеро, ки ҳамасола марзҳои байнулмилалиро убур месозанд, дохил намоед, комилан возеҳ аст, ки дарвоқеъ мо имрӯз дар ҷаҳони мутаҳаррик (мобилӣ) зиндагӣ дорем», – гуфтааст ӯ.

Носир Абдул-Азиз ан-Носир саҳми муҳоҷиронро ҳам ба кишварҳои хориҷӣ ва ҳам ба иқтисоди ватани худ муҳим арзёбӣ кардааст.

Бино ба маълумоти Созмони байнулмилалии муҳоҷират, феълан 214 млн. нафар хориҷ аз кишвари худ кору зиндагӣ доранд.

Тибқи маълумоти расмии ҳукумати Тоҷикистон, айни замон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони кишвар дар хориҷи кишвар қарор доранд, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ бошад, теъдоди онҳо ҳудуди 2 млн. нафар арзёбӣ мешавад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аслан Русияро кишвари кору зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон тақрибан 40%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".