Ҳузури сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологияи Тоҷикистон

Date:


Имрӯз дар шаҳри Душанбе пас аз таҷдиду азнавсозӣ маросими ифтитоҳи бинои осорхонаи геологияи Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид. Пас аз ифтитоҳи осорҳона Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон, собиқадорони Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқот хоҳад орост.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод, ҳадафи аслии Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи ҶТ барои солҳои 2012-2020, ки ахири моҳи ноябр дар ҷаласаи ҳукумат тасдиқ шуд, пеш аз ҳама, ғанисозии заминаи истихроҷи ашёи хоми минералӣ, қонеъ сохтани талаботи корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ноил гардидан ба коҳиши ҳаҷми воридоти он аз хориҷи кишвар аст.

Ба гуфтаи вай, барои амалисозии барномаи мазкур ҷудо кардани 140,3 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ дар назар буда, ғайр аз ин, дар ин давра афзоиши ҷалби ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин бахш ба маротиб афзуда хоҳад шуд.

«Феълан сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои рушди бахши геологияи Тоҷикистон ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми ҳудуди 300 млн. сомонӣ изҳори омодагӣ намуданд ва ман мтмаинам, ки то охири татбиқи барнома чунин маблағгузориҳо боз афзунтар мегарданд», – гуфт А.Иброҳим.

Номбурда ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки қабули Барномаи давлатӣ ба ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳа мусоида менамояд, зеро дар ҷараёни он музди меҳнати кормандони соҳа зиёд шуда, заминаи моддиву техники хадамоти геологии Тоҷикистон низ бою ғанитар мегардад.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...