Ҳузури сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологияи Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе пас аз таҷдиду азнавсозӣ маросими ифтитоҳи бинои осорхонаи геологияи Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид. Пас аз ифтитоҳи осорҳона Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон, собиқадорони Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқот хоҳад орост. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим […]


Имрӯз дар шаҳри Душанбе пас аз таҷдиду азнавсозӣ маросими ифтитоҳи бинои осорхонаи геологияи Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид. Пас аз ифтитоҳи осорҳона Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон, собиқадорони Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқот хоҳад орост.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод, ҳадафи аслии Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи ҶТ барои солҳои 2012-2020, ки ахири моҳи ноябр дар ҷаласаи ҳукумат тасдиқ шуд, пеш аз ҳама, ғанисозии заминаи истихроҷи ашёи хоми минералӣ, қонеъ сохтани талаботи корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ноил гардидан ба коҳиши ҳаҷми воридоти он аз хориҷи кишвар аст.

Ба гуфтаи вай, барои амалисозии барномаи мазкур ҷудо кардани 140,3 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ дар назар буда, ғайр аз ин, дар ин давра афзоиши ҷалби ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин бахш ба маротиб афзуда хоҳад шуд.

«Феълан сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои рушди бахши геологияи Тоҷикистон ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми ҳудуди 300 млн. сомонӣ изҳори омодагӣ намуданд ва ман мтмаинам, ки то охири татбиқи барнома чунин маблағгузориҳо боз афзунтар мегарданд», – гуфт А.Иброҳим.

Номбурда ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки қабули Барномаи давлатӣ ба ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳа мусоида менамояд, зеро дар ҷараёни он музди меҳнати кормандони соҳа зиёд шуда, заминаи моддиву техники хадамоти геологии Тоҷикистон низ бою ғанитар мегардад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.