Прокурори Маскав санҷиши ҳамаи шикоятҳои муҳоҷирони тоҷикро ваъда кард

Дар шаҳри Маскав сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиаллоҳ Девонаев бо мақомоти раҳбарии ниҳодҳои интизомии шаҳру вилояти Маскав дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, зимни мулоқот бо додситони шаҳри Маскав Сергей Куденеев масоили марбут ба вазъи кунунии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуда, ба мушкилоти […]


Дар шаҳри Маскав сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиаллоҳ Девонаев бо мақомоти раҳбарии ниҳодҳои интизомии шаҳру вилояти Маскав дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, зимни мулоқот бо додситони шаҳри Маскав Сергей Куденеев масоили марбут ба вазъи кунунии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуда, ба мушкилоти вобаста ба иҷрои қарордодҳои меҳнатӣ ва далелҳои пардохт накардани музди меҳнат ба муҳоҷирон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.

Додситони шаҳри Маскав изҳор кард, ки мақомоти додситонӣ дар ин самт вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузоштаро иҷро мекунанд ва омодаанд, ки ба ҳамаи далелҳои сабтшуда бобати нақзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик расидагӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Куденеев иброз кард, ки ба муҳоҷирати корӣ омадани шаҳрвандони дорои сатҳи зарурии касбӣ, донандаи хуби забони русӣ ва талаботи асосии қонунгузории Русия мувофиқи мақсад аст.

«Барои бештар мӯътадил ва бидуни мухолифат гузаштани раванди мутобиқгардонии муҳоҷирон, онҳо бояд аз расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми рус маълумоти кофӣ дошта бошанд», – гуфт вай.

С.Девонаев додситони Маскавро аз тадбирҳои андешида дар ин самт ва чораҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ огоҳ сохта, ҷонибҳо перомуни муҳим будани кӯшишҳои муштарак дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

С.Девонаев ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии Сарраёсати ВКД Федератсии Россия дар вилояти Маскав низ мулоқот кард. Дар гуфтушуниди мазкур низ масоили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.