Прокуратураи генералӣ: Парвандаи ҷиноӣ нисбати мудири кулли Rolkan Investments Ltd боздошта шуд

Қисмате аз маводи парвандаи халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments Ltd Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки ба мудири кулли ширкат Сергей Порлуянов дахл дорад, як моҳ пештар боздошта шуд, – гуфта мешавад дар иттилои расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон. «Рӯзҳои ахир дар васоити ахбори умум перомуни боз гардидани парвандаи нав нисбат ба шаҳрванди Русия – роҳбари […]

Наргис Ҳамробоева


Қисмате аз маводи парвандаи халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments Ltd Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки ба мудири кулли ширкат Сергей Порлуянов дахл дорад, як моҳ пештар боздошта шуд, – гуфта мешавад дар иттилои расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

«Рӯзҳои ахир дар васоити ахбори умум перомуни боз гардидани парвандаи нав нисбат ба шаҳрванди Русия – роҳбари ширкати Rolkan Investments Ltd Сергей Полуянов ва ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон кардани ӯ барои ғайриқонунӣ сарҳадро убур кардани ҳавопаймоҳои ширкат хабарҳо пайдо шуданд, ки асоси воқеӣ надоранд», – гуфта мешавад дар иттилоъ.

Дар идома хабар дода мешавад, ки 6 моҳ қабл, яъне 12-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби шӯъбаи татфтишоти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон «нисбат ба В.Садовничий ва дигарон танҳо як парвандаи ҷиноӣ боз гардид».  «То имрӯз оид ба ин далел дигар парвандаҳо боз нашудаанд», – таъкид мегардад дар иттилои расмӣ.

Дар иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки тибқи парвандаи ҷиноии дар боло зикршуда В.Садовничий ва А.Руденко ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Нисбат ба шаш нафар халабонони дигар – шаҳрвандони Русия, Белорус, Украина ва Қазоқистон қисмате аз маводи парвандаи ҷиноӣ аз истеҳсолот боздошта шуда, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.