Тоҷикистон ҳамасола мавқеи худро дар рейтинги ҷаҳонии мизони фасод – Transparency International беҳтар мекунад, вале то ҳанӯз пешравии ба таври назаррас ба ҷумҳурӣ мушкил аст, – мегӯяд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.
«Ба ин аз як ҷиҳат дар маҷмӯъ имиҷи умумии манфии минтақаи Осиё таъсир мегузорад, ки дар ҷаҳон бо хусусиятҳои ришвахорӣ, қабилапарастиву дигар зуҳуроти манфӣ арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин, ҷиноёти коррупсиониро ошкор сохтан хеле мушкил аст, чунки дар он маъмулан ду нафар бидуни шоҳидон иштирок мекунанд», – гуфт Шарифов ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе зимни муаррифии Гузориши иҷтимоӣ оид ба қабул ва муносибат ба коррупсия ва мубориза бар зидди коруупсия дар ҷомеаи Тоҷикистон. Гузориши мазкур аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари САҲА омода карда шуд.
«Аҳолӣ аз машғулияти идораи мушаххас, ҷиноятҳои коррупсионии ошкоршуда, ҷазои гирифтаи ришвахорон ва дигар масоили ба ин марбут огаҳии комил надорад», – таъкид сохт вай.
Ба андешаи, ӯ дар ин самт намояндагони ВАО бояд фаъолияташонро ҷонноктар намоянд. «Дар доираи гузориш мо контнент-таҳлил доир кардем ва ба хулоса омадем, ки ВАО масъалаи коррупсияро ба таври нокофӣ инъикос мекунанд. Албатта, шумори мавод дар ин хусус сол то сол зиёд мешавад, вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест», – чунин мешуморад Шарифов.
Ӯ зарурати кори пурсамар дар нашряиҳои инернетиро таъкид сохт. «Ҷавонони муосир бо шабакаи интернет зиёд сарукор доранд.Аз ин рӯ, ташкили маъракаи пурзӯри мубориза бо коррупсия маҳз дар шабакаи интернет зарур аст», – иброз дошт Шарифов.
Роҳбари МТС мутмаин аст, ки бо иродаи сиёсии мақомоти олии раҳбарии кишвар вазъ дар ҷумҳурӣ дигаргун гашта, дер ё зуд ҷомеаи Тоҷикистон аз падидаҳои манфие чун коррупсия пок хоҳад шуд.







