Ҳалокати шаш нафар аз дуди ғуборолуди ангишт

Date:


Дар давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон аз дуди ғуборолуди ангишт шаш нафар ба ҳалокат расиданд, ки чор нафарашон кӯдакон мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Алюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 11-уми декабр дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ду ҳодисаи фоҷеабор рух додааст.

«Дар ҳарду ҳодиса ҳам соҳибманзилон бинобар сабаби набудани барқ, хонаҳои худро бо ангишт гарм карданӣ шуда, аҳли оила аз дуди ғуборолуди он нафасгир ва ба ҳалокат мерасанд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Рӯдакӣ як зани 29-сола ва се фарзанди 8,9 ва 11-солаи ӯ ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ зани 49-сола ва духтари 13-солааш ба ҳалокат расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ сар аз 12-уми октябр дар Тоҷимкистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ карда шуд. Бино ба маълумои ширкати «Барқи тоҷик», ба минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар лимити барқ амал намекунад. Аммо аксари сокинони манотиқи ҷумҳурӣ аз он шикоят доранд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ якчанд соат бо барқ таъмин мегарданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...