Дар Восеъ бемористони клиникии бемориҳои сил ифтитоҳ мегардад

Ояндаи наздик дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бемористони нави клиникии бемориҳои сил ба истифода дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Хатлон Сӯҳроб Камолов хабар дод, бемористон барои муолиҷаи беморони як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин карда хоҳад шуд. Ба гуфтаи […]

Сайраҳмон Назриев


Ояндаи наздик дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бемористони нави клиникии бемориҳои сил ба истифода дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Хатлон Сӯҳроб Камолов хабар дод, бемористон барои муолиҷаи беморони як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони ба ин монанд бемористонҳо дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритӯс низ идома дошта, моҳи гузашта дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чунин марказ мавриди истифода қарор гирифт.

«Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо маблағгузории созмони байнулмилалӣ сохтмони дармонгоҳи бемориҳои сили вилоятӣ идома дорад», – гуфт Камолов.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон дар вилоят 2 ҳазору 476 нафар шаҳрвандони бори нахуст ба бемории сил гирифторшуда ба қайд гирифта шудаанд, ки 276 нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. «Айни замон дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 4,5 ҳазор мубталоёни бемории сил сабт шуда, ҳамаи онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор доранд ва ҳамчун кӯмаки башардӯстона бо маводи ғизоӣ таъмин карда мешаванд», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.