Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари  расмӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар кард. Имрӯз президенти Тоҷикистон бо нахуствазири Олмон Ангела Меркел ва президенти ин кишвар Кристиан Вулф гуфтушунид хоҳад кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз парлумони Олмон боздид намуда, бо вакилони Бундестаг […]

Аваз Юлдошев


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари  расмӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар кард. Имрӯз президенти Тоҷикистон бо нахуствазири Олмон Ангела Меркел ва президенти ин кишвар Кристиан Вулф гуфтушунид хоҳад кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз парлумони Олмон боздид намуда, бо вакилони Бундестаг мулоқот анҷом хоҳад дод. Дар чаҳорчӯби сафар баимзорасии як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, тандурустӣ ва иктишофи геологӣ дар назар аст.

Ҳамчунин дар Олмон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони диаспораи тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Президенти Тоҷикистон инчунин ният дорад, ки бо фаъолияти консерни байнулмилалии «Сименс» аз наздик ошно гардад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, соли 2010 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Олмон 31,38 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар доираи амалисозии стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ Олмон дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои волоияти қонун, маориф, рушди устувори иқтисод, ҳифзи марз ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин соҳаи энергетикаву истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ фаъолона ширкат меварзад. Танҳо тайи даҳ соли ахир Олмон ба Тоҷикистон ҳудуди 123 млн. Евро маблағгузорӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 12-уми декабр озими Олмон шуд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, Раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамроҳӣ мекунанд.

Пас аз анҷоми сафари расмӣ ба Олмон президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Украина ташриф меорад. Рӯзҳои 14-16-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Янукович дидору гуфтушунид хоҳад кард.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.