Ӯзбекистон Тоҷикистонро айбдор мекунад

Ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» изҳор медорад, ки Тоҷикистон қабули вагонҳои худро рад сохта, дар идомаи «муҳосира»-и роҳи оҳан манфиатдор аст. Дар робита ба шарҳи изҳороти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек бобати таъмиру барқарор кардани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амзуанг ва таъмини ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон аз ширкати мазкур ба ОИ […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» изҳор медорад, ки Тоҷикистон қабули вагонҳои худро рад сохта, дар идомаи «муҳосира»-и роҳи оҳан манфиатдор аст.

Дар робита ба шарҳи изҳороти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек бобати таъмиру барқарор кардани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амзуанг ва таъмини ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон аз ширкати мазкур ба ОИ REGNUM изҳор кардаанд, ки айни замон дар мавзеи Ғалаба-Амузанг 327 вагони дорои маҳсулот, ки ба бояд ба вилояти Хатлон фиристода шаванд, қарор доранд.

 Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг дар қаламрави Ӯзбекистон такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.

Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба маълумоти мақомоти марбутаи роҳи оҳани Ӯзбекистон, 40 вагон ба Тоҷикистон тариқи нуқтаи байнидавлатии пайвасти «Қудуқлӣ» фиристода шудааст, вале сарфи назар аз дархости чандинкарата ҷиҳати қабули вагонҳои боқимонда тавассути ин нуқта Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир насохтааст. «Дар чунин вазъ аён аст, ки Тоҷикистон Ӯзбекистонро дар муҳосира айбдор намуда, худ ба идомаи ин муҳосира манфиатдор аст», – мегӯяд ҳамсӯҳбати ОИ REGNUM.

Қаблан муовини аввали раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки «бо назардошти имконоти корхонаи «Ӯзбекистон темир йӯллари» барои барқарор кардани чунин пул як шабонарӯз кофист».

Бино ба маълумоти ОИ «Фергана», баландии ин пул аз сатҳи об 8 метр ва дарозии пул 25 метрро ташкил медиҳад. Аз болои ин пул як қатор роҳи оҳан мегузарад.

Ба қавли Собкалов, мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳанӯз 17-уми ноябр ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ ҳама гуна кӯмаки ройгон барои дар фурсати зудтарин барқарор кардани пули роҳи оҳанро пешниҳод кардааст, вале ба он ҳеҷ посухе нагирифтааст.

Собкалов изҳор карда буд, ки мақомоти раҳбарии корхона пешниҳоди ҳамтоҳои ӯзбекро қабул карда, интиқоли мусофиронро тавассути шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст, лекин ба қабули вагонҳои боркаш дар қисмати марказии ҷумҳурӣ ва сипас интиқоли онҳо ба ҷануб қатъиян розӣ нест, зеро он хароҷоти зиёдеро тақозо мекунад.

Дар ҳамин ҳол, миёни маҳсулоти вагонҳое, ки дар Ӯзбекистон бозистодаанд, маҳсулоти башардӯстонаи ғизоӣ мавҷуд аст, ки барои кумак ба қишри бештар осебпазири аҳолии вилояти Хатлон пешбинӣ шудаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.