Интиқоли беш аз 1 млрд. $ аз Русия ба Тоҷикистон

Дар семоҳаи сеюми соли равон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ аз Русия маблағи рекордии 12,3 млрд. доллари ИМА ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, – хабар медиҳад Бонки марказии Русия. Бино ба маълумоти бонк, ба кишварҳои хориҷи дур 7,2 млрд. ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5,2 млрд. доллари ИМА интиқол дода шудааст. Миёни муҳоҷирони кишварҳои узви […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар семоҳаи сеюми соли равон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ аз Русия маблағи рекордии 12,3 млрд. доллари ИМА ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, – хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Бино ба маълумоти бонк, ба кишварҳои хориҷи дур 7,2 млрд. ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5,2 млрд. доллари ИМА интиқол дода шудааст.

Миёни муҳоҷирони кишварҳои узви ИДМ дар мақоми аввал бо 1,512 миллиард Ӯзбекистон ва дар мақоми дуввум бо 1,044 миллиард муҳоҷирони тоҷик қарор доранд. Маблағи миёнаи як амалиёт ба Тоҷикистон 296 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар байни кишварҳои хориҷи дур мақоми аввалро Чин ва Швейтсария ишғол мекунанд. Ҳаҷми маблағҳои интиқолшуда ба ин кишварҳо мутаносибан ба 794 ва 770 млн. доллари ИМА баробар аст.

Ҳаҷми маблағи интиқолёфтаи шахсони ҳуқуқӣ аз Русия ба Тоҷикистон нисбат ба маблағи интиқолёфта аз Тоҷикистон ба Русия ба андозаи 996 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.