Садама дар ҷануби кишвар ҷони 6 нафарро рабуд

Дар як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 6 нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 1-уми январ рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» Х.Н.-и 24-сола зимни ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи […]

Наргис Ҳамробоева


Дар як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 6 нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 1-уми январ рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» Х.Н.-и 24-сола зимни ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахти канори роҳ бармехӯрад.

«Бар асари ин бархӯрд ронанда ва панҷ мусофирони синнусоли 20-21-солаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Танҳо як мусофири автомашина ҷон ба саломат бурдааст, ки айни замон дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.