Қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 4-уми январ, Ӯзбекистон бидуни огаҳии пешакӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон то ин вақт ҷиҳати байни ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва Ширкати саҳҳомии “Узбектрансгаз” саривақт ба имзо расонидани шартнома доир ба интиқоли гази табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз, 4-уми январ, Ӯзбекистон бидуни огаҳии пешакӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард.



Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон то ин вақт ҷиҳати байни ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва Ширкати саҳҳомии “Узбектрансгаз” саривақт ба имзо расонидани шартнома доир ба интиқоли гази табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2011 ҶСК “Тоҷиктрансгаз” аз ҳамтоёни ӯзбекистонии худ хоҳиш намуд, ки оид ба ин масъала вохӯрии дуҷониба баргузор карда шавад, вале мутаассифона, ҷониби Ўзбекистон баргузории чунин вохӯриро ба таъхир гузошт.

18 ноябри соли 2011 дар ин мавзӯъ аз номи Сардори ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ба унвони Директори генералии Ширкати саҳҳомии “Узтрансгаз” мактуб таҳти №778/10 фиристода шуд, вале он низ бе ҷавоб монд.

22 декабри соли 2011 мактуби ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алимардон ба унвони ҷонишини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Р. Азимов ирсол гардид. Дар ҷавоб ҷаноби Р. Азимов изҳор намуд, ки бино бар сабаби то ҳол ба анҷом нарасидани гуфтушунидҳо доир ба интиқоли газ ба истифодабарандагони асосии гази Ўзбекистон (Россия, Хитой), айни ҳол бастани шартнома байни Тоҷикистону Ўзбекистон дар хусуси интиқоли газ номумкин аст.

Ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон низ доир ба ин масъала ба сохторҳои марбутаи ҷумҳурии ҳамсоя вохӯриҳои зиёд дошт.

Дар иртибот ба ин масъала имрӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуда, ба ӯ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов супорида шуд. Ҷониби Тоҷикистон бо такя ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои тӯлонии мутақобилан судманд миёни халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори умедворӣ мекунад, ки масъалаи зикршуда дар рӯзҳои наздик ҳалли мусбати худро пайдо хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.