Ҳақмузди миёна дар Тоҷикистон 93 $-ро ташкил медиҳад

Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба ахири моҳи ноябри соли гузашта 442 сомонӣ (каме бештар аз 93 $)-ро ташкил дод. Бино ба маълумои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон,  музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ ба 80 сомонӣ (16,8 $) баробар аст. Дар ҳамин ҳол, ҳақмузди миёна дар пойтахт 894, ноҳияҳои тобеи марказ – 422, ВМКБ […]

Пайрав Чоршанбиев


Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба ахири моҳи ноябри соли гузашта 442 сомонӣ (каме бештар аз 93 $)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон,  музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ ба 80 сомонӣ (16,8 $) баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳақмузди миёна дар пойтахт 894, ноҳияҳои тобеи марказ – 422, ВМКБ – 340, вилояти Суғд – 325 ва вилояти Хатлон – 287 сомониро ташкил додааст.

Музди меҳнати пасттарин дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал – 145 сомонӣ ва моҳипарварӣ – 303 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Музди меҳнати баландтарин дар бахши воқеиро бинокорон ва кӯҳкорон гирифтаанд, ки он мутаносибан ба 1 ҳазору 123 сомонӣ ва 1 ҳазору 94 сомонӣ баробар аст.

Музди меҳнати миёна дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар маҷмӯъ 395 сомониро ташкил додааст.

Дар бахши хизматгузорӣ музди меҳнати баландтарин дар бахши миёнаравии молиявӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он муодили 1,8 ҳазор сомонӣ аст. Дар ин бахш ба ҳисоби миёна музди меҳнат 576 сомониро ташкил додааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.