Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳодот дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби ҳукумат ироа гаштанд, якдилона дастгирӣ намуданд.
Дар суханронӣ назди намояндагони мардумӣ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Гурез Зарифов изҳолр кард, ки ин тағйирот ҷиҳати амалисозии бандҳои ҷудогонаи Конвенсияи Кипр ва мутобиқати қонунгузории кишвар ба Созмони ҷаҳонии савдо нигаронида шудаанд.
Тағйироти мазкур барасмиятдарории гумрукиро сабук месозанд. Ба гунаи мисол, минбаъд аз афроди воридкунанда ва содиркунандаи бор асноди сабт дар мақомоти андоз ва мутобиқати маҳсулоти воридкунандаи онҳо ба ҷумҳуриро тақозо нахоҳанд кард.
Мутобиқи тағйирот, акнун воридоти ғайриқонунии маҳсулоти зеҳнӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла асарҳои ҳунармандӣ ва фарҳанг аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук ҷилавгирӣ хоҳад шуд.