Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо намояндаи дабири кулли СММ

Ба наздикӣ дар Кобул мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шарофиддин Имомов бо Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Сардори Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон Ян Кубишро ба муносибати оғоз гардидани […]

ASIA-Plus


Ба наздикӣ дар Кобул мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шарофиддин Имомов бо Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Сардори Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон Ян Кубишро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти пурмасъулияти дипломатиаш ба ҳайси Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва

Сардори Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон табрик гуфта, амалӣ шудани марому мақсадҳои ба таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии Афғонистон нигаронидашударо таманно намуд. Дипломати тоҷик бо таъкиди нақши марказии СММ дар таъмини тадриҷии раванди сулҳ ва бозсозии Афғонистон, сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Афғонистонро дастоварди арзишманди ду кишвар ва намунаи ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ кард. Дар ин росто, ӯ бунёди 5 пул, хатти 220-киловолтаи барқ миёни ду кишвар ва барномаҳои дигарро зикр сохт.

Дар навбати худ, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Ян Кубиш тазаккур дод, ки иҷрои ин вазифа барояш нисбатан ошно ҳаст, зеро дар давоми фаъолияти тӯлонии дипломатиаш дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳиме, ки ба Афғонистон марбут мебошанд, иштирок кардааст. Ӯ иброз дошт, ки мақсад дорад, то дар иҷрои ин вазифаи бисёр масъулиятнок ва ниҳоят мушкил талоши пайгир ва ҷиддӣ намояд.

Сафири Тоҷикистон дар бораи ҳадафу вазифа ва барномаи Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-27 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дода, нақши СММ ва муассисаҳои онро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки дар ин чорабинӣ пешниҳод ва мавриди муҳокима қарор мегиранд, махсус таъкид намуд.

Дар анҷом Сафири Тоҷикистон Ш. Имомов даъватномаи муштараки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро барои иштирок дар Конфронси RECCA-V ба Ян Кубиш супурда, изҳори умедворӣ намуд, ки эшон дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ бо ҳузури меҳмонони зиёда аз 70 кишвари дунё ширкат хоҳанд дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.