Alstom Grid ба корҳои таҷдиди нерӯгоҳи Норак машғул мешавад

Ширкати олмонии Alstom Grid бо ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаи таҷдиди дастгоҳи кушодаи тақсимотии 500 кВ барои нерӯгоҳи барқии Норак қарордод ба имзо расонид. Маблағи умумии қарордод беш аз 30 млн. Евроро ташкил медиҳад. Тавре дар сомонаи расмии Alstom Grid хабар дода мешавад, зимни амалисозии лоиҳа дастгоҳи пӯшидаи тақсимотӣ бо рӯйпӯш […]


Ширкати олмонии Alstom Grid бо ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаи таҷдиди дастгоҳи кушодаи тақсимотии 500 кВ барои нерӯгоҳи барқии Норак қарордод ба имзо расонид. Маблағи умумии қарордод беш аз 30 млн. Евроро ташкил медиҳад.

Тавре дар сомонаи расмии Alstom Grid хабар дода мешавад, зимни амалисозии лоиҳа дастгоҳи пӯшидаи тақсимотӣ бо рӯйпӯш (изолятсия)-и элегазии 500 кВ истифода хоҳад шуд. Лоиҳа аз ҳисоби воситаҳои бурсии Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ мешавад.

«Бинобар сабаби вазъи душвори геологӣ дар макони ҷойгиршавии дастгоҳи кушодаи тақсимотӣ, муддати 30 сол аст, ки хоки зери он фурӯ нишастан дорад ва ба иқтидори нерӯгоҳ таъсири манфӣ расонида метавонад, – гуфта мешавад дар маълумоти сомона. – Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа дастгоҳи тақсимотии кушода ба дастгоҳи тақсимотии пӯшидаи 500 кВ иваз гардида, он дар болои хоки нисбатан устувортар ҷойгир карда мешавад ва ба интиқоли бехатар ва боэътимоди нерӯи барқ шароити мусоид фароҳам меоварад».

Президенти ширкати Alstom Grid Грегуар Пу Гийом дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки лоиҳаи мазкур идомаи табиқи лоиҳаи арзишаш 22,4 млн. Евро оид ба ивази дастгоҳҳои тақсимотии 220 кВ аст, ки айни замон дар нерӯгоҳи Норак амалӣ мегардад. «Имзои қарордоди мазкур бобати иҷрои корҳо дар нерӯгоҳи Норак ба таҳкими ҳузури ширкат дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард», – иброз доштааст ӯ.

Бино ба маълумоти сомонаи ширкати Alstom Grid, оғози амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли 2014 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки нерӯгоҳи обиву барқии «Норак» аз чор се ҳиссаи талаботи Тоҷикистон ба нерӯи барқро таъмин сохта, бо истифода аз технологияи муосир ба таҷдиду навсозии таҷҳизоти асосӣ ва ёридиҳанда ниёз дорад. Нерӯгоҳи мазкур бо иқтидори 3 ҳазор МВт соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, агрегати охирини он соли 1979 ба истифода дода шуд.    

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.