Шикояти сокинони пойтахт дар реҷаи он-лайн қабул мешавад

 «Мо метавонем!» -лоиҳаи муштараки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” бори аввал дар таҷрибаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар  аз 1 феврали соли 2012 дар реҷаи мустақим (“On-Line”)  24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба фаъолият шурӯъ кард ва тӯли фаъолияти худ давоми ҳафтаи дуюм […]

ASIA-Plus


 «Мо метавонем!» -лоиҳаи муштараки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” бори аввал дар таҷрибаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар  аз 1 феврали соли 2012 дар реҷаи мустақим (“On-Line”)  24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба фаъолият шурӯъ кард ва тӯли фаъолияти худ давоми ҳафтаи дуюм аз маҳбубияти сокинони шаҳр бархурдор гардид.

 

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, лоиҳаи мазкур бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе баҳри татбиқи муттасили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тарҳрезӣ гардида, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар реҷаи мустақим дастёбӣ ба риояи «Маромномаи сокини пойтахт», Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва рушди институтсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст, дар пойтахт амалӣ карда шуд.

Агар дар гузашта сокинони шаҳр  барои ҳалли мушкилоташон оид ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ  тавассути телефонҳои боварии навбатдории шабонарӯзии доимоамалкунандаи шаҳрдорӣ ниёзҳояшон бароварда мешуд, феълан илова бар он тариқи сомонаи мазкур бо фиристодани паёмакҳо ба рақами телефонии 988933333, почтаи электронии [email protected], ё воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj  муроҷиатҳояшонро ирсол намуда, ҳолати иҷроиши онҳоро аз ҷониби субъектҳои хизматрасон назорат ва  дар харитаи электронии шаҳр дар сомона аз вазъи ҷойдоштаи хизматрсониҳо нисбати рафъи садамаҳо  мустақиман мушоҳида баранд.

Дар сомона аз рӯи категорияҳои таъмини об, гармӣ, газ, барқ, ҳолати санитарию тозагии шаҳр, роҳҳо, буридани дарахтон ва  сифати кори нақлиёти мусофирбар муроҷиатҳо қабул карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.