Таъини сармураббии хориҷӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Мутахассиси 46-солаи босниягӣ Кемал Алиспахич сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд. Тавре котиби матбуотии Федератсияи фуболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод, К.Алиспахич соҳиби иҷозатномаи дараҷаи PRO аст. «Вохӯрии аввалини дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббии нав рӯзи 29-уми феврал бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ки ин вохӯриии охирини даста дар […]

Меҳрангез Турсунзода


Мутахассиси 46-солаи босниягӣ Кемал Алиспахич сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд.

Тавре котиби матбуотии Федератсияи фуболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод, К.Алиспахич соҳиби иҷозатномаи дараҷаи PRO аст. «Вохӯрии аввалини дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббии нав рӯзи 29-уми феврал бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ки ин вохӯриии охирини даста дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аст», – гуфт вай.

Ба қавли номбурда, сипас сармураббии нав дастаро ба Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2012, ки 8-уми март дар Непал оғоз мегардад, омода хоҳад кард. «Дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳи бо дастаҳои Ҳиндустон (9 март), Кореяи Шимолӣ (11 март) ва Филиппин (13 март) қувваозмоӣ мекунад», – иброз дошт Ф.Солиев.

Қобили зикр аст, ки Кемал Алиспахич, қаблан дар дастаҳои “Сараево”, “Железничар” (Сараево), “Слобода” (Ужитсе, Сербия), “Дуйсбург” (Олмон), “Кайсериспор” (Туркия) ва “Лозанна-Спорт” (Швейтсария)  ба ҳайси футболбоз ҳунарнамоӣ кардааст.

 Сар аз соли 1997 ӯ ба сифати армураббии тимҳои “Лозанна” (U-21, Швейтсария), КФ “Этагниерес” (Швейтсария), “Железничар” (Босния ва Герсоговина), “Сараево” (Босния ва Ҳерзеговина), “Сабо” (Эрон), НК “Единство” (Бихач, Босния ва Ҳерзеговина), “Муган”(Саляни, Озарбойҷон), “Ал-Иттиҳод”(Алеппо, Сурия) ифои вазифа намудааст.

Алиспахич чун сармураббӣ дар се чемпионат ва Ҷоми Босния ва Гертсеговина пирӯз шуда, ду маротиба Суперкубоки Босния ва Гертсеговина, як маротиба Ҷоми Сурияро соҳиб шудааст.  

Сармураббии пешини дастаи мунтахаби Тоҷикистон Олимҷон Рафиқов дастаи «Истиқлол»-и Душанберо ба чемпионати соли равони ҷумҳурӣ ва мусобиқоти даври интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки моҳи май баргузор мешавад, омода мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.