Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ соҳиби дастгоҳи зиддимушакии «Печора – М2» шуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин дастгоҳ дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои низомиву техникиии Тоҷикистону Русия дастрас гашт. «Мутахассисони тоҷик ҷиҳати тарзи истифодабарии ин дастгоҳ дар сафи нерӯҳои дифоии ҳавоии Русия таҷриба омӯхтанд», – гуфт ӯ.
Ф.Маҳмадалиев афзуд, ки чунин аслиҳаи пуриқтидор ба ҷуз дар нерӯҳои низомии Тоҷикистону Русия, дар нерӯҳои кишварҳои дигари узви ИДМ алҳол истифода намешавад.



