Нерӯҳои дифои ҳавоии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи зиддимушакии «Печора-М12» шуданд

Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ соҳиби дастгоҳи зиддимушакии «Печора – М2» шуданд. Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин дастгоҳ дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои низомиву техникиии Тоҷикистону Русия дастрас гашт. «Мутахассисони тоҷик ҷиҳати тарзи истифодабарии ин дастгоҳ дар сафи нерӯҳои […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ соҳиби дастгоҳи зиддимушакии «Печора – М2» шуданд.




Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин дастгоҳ дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои низомиву техникиии Тоҷикистону Русия дастрас гашт. «Мутахассисони тоҷик ҷиҳати тарзи истифодабарии ин дастгоҳ дар сафи нерӯҳои дифоии ҳавоии Русия таҷриба омӯхтанд», – гуфт ӯ.



Ф.Маҳмадалиев афзуд, ки чунин аслиҳаи пуриқтидор ба ҷуз дар нерӯҳои низомии Тоҷикистону Русия, дар нерӯҳои кишварҳои дигари узви ИДМ алҳол истифода намешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.