Норозигии вазири маориф аз кори ноширон


Вазири маорифи Тоҷикистон Нуридин Саидов дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагони нашриётҳо онҳоро барои иҷро накардани шартҳои ӯҳдадорӣ бо вазорат мавриди интиқод қарор дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, вазир ба онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳояшон оид ба нашри китобҳои дарсӣ то 2-юми март муҳлат дод.

Дар ҳамин ҳол, вазир хотирррасон намуд, ки аз 31 номгӯй китоби дарсӣ, ки дар 18 нашриёт бояд ба чоп мерасиданд, ҳамагӣ се номгӯй омода гардида, боқимонда қисман ё пурра чоп нашудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Н.Саидов таваҷҷуҳи намояндагони нашриётро ба он ҷалб сохтааст, ки муҳлати иҷрои қарордодҳо оид ба нашри китобҳои дарсӣ қариб шаш моҳ пеш ба охир расидаанд.

«Дар идома вазир таъкид кард, ки ҳангоми ба тавозуни вазорат қабул кардани китобҳои чопшуда, ба сифати нашри онҳо диққати ҷиддӣ дода хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное