Ҳукми зиндони 7 нафар аъзои «Ҷамоати Таблиғ» дар Суғд

Дар вилояти Суғд як гурӯҳи ашхоси мансуб ба созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мурофиаи судии 7 нафар аъзои аз 28 то 46-солаи созмони динии ифротгарои «Ҷамоати Таблиғ» ба анҷом расид, ҳама сокинони маҳаллӣ буданд. […]

ASIA-Plus


Дар вилояти Суғд як гурӯҳи ашхоси мансуб ба созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мурофиаи судии 7 нафар аъзои аз 28 то 46-солаи созмони динии ифротгарои «Ҷамоати Таблиғ» ба анҷом расид, ҳама сокинони маҳаллӣ буданд.

 «Ду нафари онҳо ба 5 сол ва боқимонда ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд», – гуфт манбаъ.

Вакили мудофеи яке аз маҳкумшудагон изҳор кард, ки онҳо ба ҳукми суд розӣ набуда, аз болои он шикоят хоҳанд бурд.

Моҳи марти соли 2010 яке аз мурофиаҳои бузургтарин нисбат ба аъзои «Ҷамоати Таблиғ» доир гардид. Он замон парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 52 нафар аъзои ин созмон баррасӣ гардида, 23 нафари онҳо ба муҳлати аз 3 то 6 сол аз озодӣ маҳрум ва боқимонда дар ҳаҷми аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб ҷаримабандӣ шуда буданд.

Коршиносони соҳаи дину ҳуқуқшиносӣ бар ин назаранд, ки фаъолияти созмони «Ҷамоати Таблиғ» ифротгароёна ва зиддиконститутсионӣ буда, ҳадафи ҷонибдорони он дар «исломишавии ҷаҳон» ифода меёбад. Гуфта мешавад, фаъолони созмони «Ҷамаоти Таблиғ» асосан дар муассисаҳои днии Ҳиндустону Покистон ва Индонезия таҳсили илм намуда, фаъолияти худро миссионерӣ ном мебаранд.

Бо карори Суди олии ҶТ, аз моҳи марти соли 2006 фаъолияти созмони «Ҷамоати Таблиғ» дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.