Президент ва намояндаи ХБА таҳияи Кодекси нави андозро баррасӣ карданд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.  Дар мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна ба назар мерасанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

 Дар мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз натиҷаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна ба назар мерасанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳияи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз шартҳои муҳими беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба шумор меравад, зоҳир карда шуд.

Тавре Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «ҳадаф кам кардани шумораи андозҳо ва ҳаҷми онҳо мебошад, то ки андозсупорандагон даромадҳои воқеии худро рӯпӯш накарда, ба таври шаффоф амал намоянд». Изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин тарзи кор ҳам ба манфиати андозсупорандагон ва ҳам буҷети давлат буда, ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро аз миён мебардорад.

Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ дар ҳамкорӣ бо коршиносони муассисаҳои байналмилалии молиявӣ таҳия мегардад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба барномаи ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор, ки дар ҳоли баррасӣ аст, сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.