Ҳ.Зарифӣ: Русия шарики стратегии Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад

Date:


Сарфи назар аз изҳороти бепояи чанде аз сиёсатмадорон ва гурӯҳи шахсон, Русия шарики стратегии Тоҷикистон буд, ҳаст ва минбаъд низ боқӣ хоҳа монд, – изҳор кард зимни вохӯрӣ бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, вазири корҳои хориҷии кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия минбаъд низ ба ҳалли мушкилот ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мусоидат хоҳад кард.

Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин ба консули сафорат Садбарг Ғаниева барои комёбиҳо дар фаъолият медали «Барои меҳнати шоён»-ро супурд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related