Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Лвов қабри бародарашро зиёрат мекунад

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо боздид аз шаҳри Лвов шурӯъ гардид.             Тибқи иттилои мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Лвов, дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин шаҳр дидору гуфтушуниди ӯ бо мақомоти раҳбарии вилоят ва Шӯрои вилоятии Лвов дар назар аст. «Ғайр аз ин, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо боздид аз шаҳри Лвов шурӯъ гардид.





           

Тибқи иттилои мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Лвов, дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин шаҳр дидору гуфтушуниди ӯ бо мақомоти раҳбарии вилоят ва Шӯрои вилоятии Лвов дар назар аст. «Ғайр аз ин, сарвари давлати Тоҷикистон дар ин шаҳр қабри бародараш – Файзиддин Раҳмоновро, ки солҳои 50-уми асри гузашта ба таври фоҷеанок ҳангоми адои хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ ба ҳалокат расидааст, зиёрат хоҳад кард», – иттилоъ медиҳад манбаъ.




           

Пагоҳ дар пойтахти Украина – шаҳри Киев қисмати расмии маросими сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина оғоз мегардад. Дар чаҳорчӯбаи сафар дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Юшенко, саравазир ва раиси Радаи Олии ин кишвар доир мегардад. Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз шаҳри Харков низ боздид хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.