Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷики дар Русия даст ба корпартоӣ задаро таҳти назорат қарор дорад

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Русия Раҷабалӣ Ҳасанов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки намояндагони хадамот ва Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар шаҳри Екатеринбург мудом бо муҳоҷирини тоҷик, ки даст ба корпартоӣ задаанд, дар ҳоли робита қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, додситонии […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Русия Раҷабалӣ Ҳасанов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки намояндагони хадамот ва Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар шаҳри Екатеринбург мудом бо муҳоҷирини тоҷик, ки даст ба корпартоӣ задаанд, дар ҳоли робита қарор доранд.




Ба гуфтаи ӯ, додситонии шаҳри Екатеринбург аз рӯи ин далел тафтишотро оғоз кардааст. Ӯ мегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷик барои напардохтани музди меҳнати семоҳа аз ҷониби ширкати сохтмонӣ даст ба корпартоӣ задаанд. «Онҳо тартиботи ҷамъиятиро риоя намуда, дар қаламрави иншооти сохтмонӣ қарор доранд ва муваққатан корро бас кардаанд», – гуфт Р.Ҳасанов.



Номбурда зикр кард, ки муҳоҷирон бо хӯроки гарм таъмин буда, вазъи саломатиашон хуб аст. «Хадамоти ҷумҳурӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Русия бо мактуби расмӣ муроҷиат карда, дархост намуд, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала мусоидат кунад», – гуфт намояндаи хадамот.



Таъкид гардид, ки корпартофтагон асноди зарурии иҷозати кор дар Русияро доро мебошанд ва ҳеҷ қонуншикание накардаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.