Тарма дар Анзоб ҷони ду нафарро рабуд

Бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 79 ва 83-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ду нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин роҳ то ҳанӯз хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади сокини 66-солаи ноҳияи Варзоб ва сокини 20-солаи ноҳияи […]

Аваз Юлдошев


Бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 79 ва 83-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ду нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин роҳ то ҳанӯз хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади сокини 66-солаи ноҳияи Варзоб ва сокини 20-солаи ноҳияи Айнӣ субҳи имрӯз аз зери барф берун оварда шуда, ба хешовандонашон супурда шудаанд.

Рӯзи сеюм аст, ки ба иллати тармафароиҳои зиёд ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон ғайриимкон шудааст.

Корҳои тозакунии роҳ аз ҷониби ширкати Innovative road solutions (IRS) анҷом дода мешаванд. Рӯзи 13-уми март

устои ширкати мазкур Ниёзқул Қулов низ зери тарма монда

, ҷустуҷӯйи ҷасади ӯ то ҳанӯз идома дорад. Рӯзи панҷшанбе автомашинае, ки зимни фаромадани тарма ӯ дар дохилаш қарор дошт, дарёфт шуд, вале ҷасади усто дар он набуд.

Ширкати IRS огоҳ менамояд, ки хавфи тармафароӣ то ҳанӯз вуҷуд дошта, дигарбора фаромадани тарма дар қисматҳои тозашудаи роҳ низ аз эҳтимол дур нест. Айни замон дар минтақаи мазкур барф борида истодааст.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз тармаи фаромада дар километри 765-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб ҳаракати нақлиёт миёни маркази ВМКБ ва Мурғобро қатъ сохта, тармаи поиншуда шоми дирӯз дар роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар-Тавилдара низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 2 то 26-ум километри ин роҳро ғайриимкон намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.