Барфи зиёд ба ҳаракати нақлиёт дар пойтахт мушкил эҷод кард

Боришоти барфи зиёд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди пойтахт мушкил эҷод кард. Сокинони пойтахт ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дар бораи фаъолияти ғайриқаноатбахши нақлиёти мусофирбар дар шаҳр ва кам будани шумори техникаи барфтозакун хабар медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки ба роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе тамоми техникаи барфтозакунии дар тавозуни […]

Акмал Маннонов, Аваз Юлдошев


Боришоти барфи зиёд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди пойтахт мушкил эҷод кард.

Сокинони пойтахт ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дар бораи фаъолияти ғайриқаноатбахши нақлиёти мусофирбар дар шаҳр ва кам будани шумори техникаи барфтозакун хабар медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки ба роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе тамоми техникаи барфтозакунии дар тавозуни мақомоти шаҳрдорӣ қарордошта сафарбар шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, роҳҳоро 153 автомашина аз барф тоза карда, кори хадамоти коммуналии пойтахт таҳти назорати бевоситаи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор дорад.

«Бо супориши раиси шаҳр айни замон муовинони раис ва раисони чаҳор ноҳияи пойтахт шахсан вазъи тозакунии роҳҳои автомобилгард ва роҳравҳоро назорат мекунанд», – гуфт Ш.Саидов.

Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси пойтахт, субҳи имрӯз якчанд ҳодисаҳои ба вазнинии барф тоб наоварда, кандаву ба замин афтодани дарахтҳо ба қайд гирифта шудааст ва аз ин рӯ, «мақомоти шаҳрдорӣ аз ронандагон ва роҳгузарон даъват ба амал меоварад, ки ҳушёру боэҳтиёт бошанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.