Даъвати раиси Хатлон бобати пайвастани мақомот ба Интернет

Дар иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз раисони шаҳру навоҳӣ даъват ба амал овард, ки бидуни таъхир дар шабакаи Интернет сомонаҳои худро боз намуда, почтаи электрониашонро ба қайд гузоранд. «Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем ва ба Шумо магар шармовар нест, ки моро дар ВАО барои мавҷуд набудани сомонаҳои расмии […]

Сайраҳмон Назриев


Дар иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз раисони шаҳру навоҳӣ даъват ба амал овард, ки бидуни таъхир дар шабакаи Интернет сомонаҳои худро боз намуда, почтаи электрониашонро ба қайд гузоранд.

«Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем ва ба Шумо магар шармовар нест, ки моро дар ВАО барои мавҷуд набудани сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд? Ин огоҳии охир ба ҳама аст ва ман ба Шумо супориш медиҳам, ки дар фурсати наздиктарин дар шабакаи Интернет сомонаҳои расмии худро боз намуда, дар ин бора журналистонро огоҳ намоед», – гуфт Афзалов дар иҷлосия.

Дар идома раиси вилоят изҳор кард, ки «имрӯз дар кишвар беш аз 2 млн. нафар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд ва дар сурати мавҷуд будани сомонаи расмӣ, онҳо метавонанд бо шумо бидуни мушкилӣ тамос гирифта, дар бораи фаъолияти ҳамарӯзаатон маълумот ба даст оранд, ки ин ба нафъи худи шумост».

Ғайр аз ин, раиси вилоят супориш дод, ки тамоми сохторҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ба шабакаи Интернет васл карда шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.